Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи таҷлил аз ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» гузаронида мешавад.

    Чунин як чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ рӯзи 23 августи соли 2024 аз тарафи маооифчиёни ноҳия дар боғи Парчами давлатии ноҳия бо иштироки сарояндаи кишвар Усмони Ҳайдар баргузор карда шуд.

   Нахуст роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон аз дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки ба марази тамошо гузошта шуда буд дидан намуданд.

     Ҳамчунин дар ин рӯз як қаттор кормандону фаъолони соҳаи маорифи ноҳия бо Сипосномаи раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, ба чанд нафар собиқадори соҳа, ки солёнӣ дароз дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми муносиб гузоштаву имрӯз ба сини ниҳоӣ расиданд, чун рамзи эҳтиром ҷомаи рухсат пушонда, ба нафақа гусел намуданд.

  Дар анҷом ҳунарманди шинохтаи эстрадаи тоҷик Усмони Ҳайдар баҳри истироҳату фароғати сокинон суруду таронаҳои дилошӯби ватандустӣ пешкаш намуда, хотири аҳли нишастро шод намуданд.