Рӯзи 23 августи соли 2024 дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи мумуии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин машварати августии омӯзгорон ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

Дар кори машварат раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсиддин, муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳия Тағойзода Сафар , мудири шуъбаи маориф Давлатзода Баҳодур, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашурализода Ниёзалӣ, баъзе аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳиявӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, собиқадорони соҳаи маориф, китобдорон, муҳосибон, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ ва таҳсилоти иловагӣ иштирок намуданд.

    Бо садо додани суруди миллӣ машварати августии омӯзгорон оғоз гардид.

Нахуст баъди қабули регламенти машварат ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи ноҳия Давлатзода Баҳодур дар соли 2023-2024 шунида шуд.

Баъди маърузаи мудири шуъбаи маориф раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсиддин ба сухан баромад фаъолияти яксолаи шуъбаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Дар рафти баромад диққати ҳозиринро дар тарбия ва дастгирӣ намудани мутахассисони ҷавон ҷалб намуда баҳри ҳавасманд ва дасгирии онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охири чорабини ба як қатор собиқадорон ва омӯзгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми беандоза гузоштаанд аз ҷониби Раёсати маорифи вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ, Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф бо ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.