Тайи чанд вақт аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ташкилотҳои террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва гурӯҳи 24 танишҳои лафзии берун аз одоби инсонӣ ба вуқуъ омада, ин тоифаи асолатбохта бори дигар симои аслии худро, ки ба ғайр аз хиёнат чизи дигар беш нест, назди тамоми сокинони кишвари маҳбубамон собит сохтанд.

    Ин тӯдаи гулу гумроҳ, ки худро «сиёсатмадори ҳирфаӣ» медонанду аз камбудию мушкилиҳои ҷузъӣ дар кишварамон сари ҳар баромад бо дасисаю тавтеа ҷор мезананд, собит сохтанд, ки мақсади аслии онҳо тақсими сармояву боигарии барномаҳои роҳандозишудаи кишварҳои манфиатдор аст ва барои луқмаи нон онҳо ҳатто ҳозиранд якдигарро чун ҳайвонҳои хунхор пора кунанд.

    Танишҳои лафзии ба ном мухолифин барои он нафароне, ки фирефтаи доими хиёнати онҳо мегардад, ва дар садди ҳамфикрии ғаразнок бо онҳост, дарси рӯшани тарбия ва пешгирӣ аз гаравиш ба доми ин фитнагарҳои хоин аст. Зеро аҳли фаҳм бояд дарк кунад, ки ин гурӯҳи хоину ҷаҳлӣ ғайр аз хиёнату дасиса ягон кори манфиатовар ба миллату давлат надоранд.

    Дебочаи зиндагиномаи М.Садриддину Шарофиддин Гадоев ва Ҷамшед Шарифову дигарон, ки пушти мониторҳои компютер бадгӯию бадгумонӣ менамоянд, ба ҷузъ аз хиёнату дасиса, ҷинояту зургӯӣ дигар ягон аъмоли ба манфиати халқу миллат амалишаванда нест. Баръакс, онҳо дар замони дар Тоҷикистон кору зиндагӣ доштан роҳи фиребу найранг, ҷинояту фасодро пешаи худ намуда буданд, ки кору амали онҳо аз нигоҳи сохторҳои назоратӣ дур намонд. Имрӯз дар хориҷа низ бо ҳамон рафтору кирдори хиёнатпешша фарзандони ин миллатро бо ҳар баҳона ба доми макри худ моил сохта, онҳоро моҳирона истифода менамоянд.

   Хиёнад дар ягон давру замон бахшида намешавад ва ин гурӯҳи хиёнаткор дер ё зуд назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.

    Бинобар ин, лозим аст, ки андешаю афкори хоинонаи ин тӯдаи ҷаҳлиро аз назари ақли солим дарку баҳогузорӣ кард. Зеро гурӯҳҳои манфиатдору хоин хеҷ гоҳ дар фикри ободию озодии мардуму давлати мо набуданду нестанд.

     Дар роҳи ватандорию ватансозӣ ба ҳар як сокини сарбаланди мамлакат барору комёбӣ таманно менамоям ва таъкид месозам, ки моро танҳо якдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ ва муборизаи беамон ба муқобили гурӯҳҳои ҷиноятпешаю хоин ба қуллаи мақсуд мерасонад ва дар ин роҳ бояд ҳар яки мо зиракии сиёсиро таблиғ ва насли имрӯзу ояндасози миллатро дар рӯҳияи ободкорию ватансозӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ сидқан тарбият намоем.                                                              Меҳрдод.