Шоми 16-уми августи соли 2024 бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар доираи таҷлил аз ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Парчами давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабинии тантанавии идона зери унвони «Шукӯҳи истиқлол» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва кормандону собиқадорони соҳаи тиб иштирок доштанд.
Нахуст раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин чорабиниро ифтитоҳ намуда, кормандони соҳаро бо Рӯзи касбияшон таҳният намуд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии нохия ба маротиб рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Номбурда аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулху вахдати мили-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки имрӯз соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба як қатор фаъолони соҳаи тибби ноҳия ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии барнома ҳунармандони варзидаи ноҳия ва шаҳри Кӯлоб чорабинии мазкурро бозҳам пуршукӯҳтар намуданд.