БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

Имрӯз 6 августи соли 2024 дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2024 нишасти матбуотии раиси ноҳия бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.

Нахуст тибқи регламент ҳисоботи раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин шунида шуд.

Сипас намояндагони васоити ахбори омма бо масъалаҳои роҳдорӣ, барқ, маориф, фарҳанг, ҷангалпарварӣ, сайёҳӣ, молия, бонкдорӣ мароқ зоҳир намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.