Рӯзи 28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо нашъунамои боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Бобои Шамс” шинос шуданд.

Масоҳати умумии боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Бобои Шамс» 1 гектарро ташкил намуда, дар он 2200 дона ниҳоли нок шинонида шудааст.

Хоҷагидор Назаров Мирмад дар қатори ниҳолҳо дар майдони 0.40 гектар кишти картошка, 0.30 гектар кишти помидор, 030 гектар зироатҳои полезӣ, бодринг ва каду шинонидааст.

Айни замон нашъунамои боғ ва зироатҳо бо қоидаҳои агротехникӣ мутобиқ коркард карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии бунёд ва коркарди боғ 135 ҳазор сомониро дар бар гирифта, аз тарафи соҳибкор Назаров Мирмад, сокини деҳаи Себдара, ҷамоати деҳоти Шуроободи ноҳия бунёд ёфтааст. Дар боғи мазкур зиёда аз 8 нафар саҳмдорони хоҷагӣ ба кори мавсимӣ ҷалб гардидаанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба кишоварзону боғдорон ва масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия барои истифодаи самараноки ҳар порча замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар, содироти он ва дар ин замина саҳм гузоштан дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд.