“Мо истиқлолу озодиро, ки неъмати бузургтарину муқаддастарини зиндагиамон мебошад, ба ягон чиз ва ҳаргиз иваз намекунем!”

Ҳамагон эҳсос кардем, ки ин суханон аз мағзи дили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30 майи соли 2024) берун омадаанд. Набояд фаромуш сохт, ки дар меҳвари идеология ва манфиатҳои миллии мо тоҷикон истиқлоли давлат ва озодии халқ меистанд ва ин арзишҳо “ба ягон чиз ва ҳаргиз!” набояд иваз шуда, дар моварои бозиҳои сиёсӣ гарав гузошта шаванд. Яъне мо ҳақ надорем ба истиқлолу озодии ватану миллати худ таваккалӣ муносибат намуда, пояҳои давлатдориамонро заиф гардонем. Фикр намекунам касе аз шахсиятҳои ватандӯст гуфтаҳои болоро инкор кунад…

…Аммо дар асл мо ватандӯстон худ чи кор карда истодаем? Оё ҳамаи онҳое, ки тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллиро сархати нутқҳои пурҳарорати худ қарор медиҳанд, дарк мекарда бошанд, ки тарбияи ватандӯстӣ бахше аз муҳимтарин бахшҳои идеологияи миллиро ташкил медиҳад ва худи мафҳуми “Идеологияи миллӣ” хеле васеътар аз мағзҳои бисёриҳост?! Монеаи асосӣ дар роҳи таҳкими Идеологияи миллӣ низ ин дахолати аз ҳад зиёди нафарону гурӯҳҳои муайяни “худнамо”-ву “корнамо” (популист) ба корҳои идеологист, ки дар асл муҳтавои фаъолияташон фарсахҳо аз ин соҳа дур аст ва “натиҷа”-ҳои зудҳангомашон бошад “хизмати хирсона” дар дарозмуддат ба шумор мераванд…

Экстремизму терроризм – вабои аср?! Пас ҷомеа бояд аз ваксинатсияи миллӣ гузарад!

Албер Камю дар оғози романи машҳури худ “Чума” навиштааст: Роҳи беҳтарин барои шинохти як шаҳр ин аст, ки кӯшиш кунед бифаҳмед онҳо чигуна ин ҷо кор мекунанд, чигуна ин ҷо ошиқ мешаванд ва чигуна ин ҷо мемиранд (Самый удобный способ познакомиться с городом — это попытаться узнать, как здесь работают, как здесь любят, и как здесь умирают). Дар ҳамин асар бемории вабо аслан ҳамин се бахши ҳаёти сокинони шаҳри Оранро ба кулли тағйир дод.

Дар ҳаёти имрӯзаи мо низ гурӯҳҳои ифротӣ мисли вабои ногаҳонӣ дар аввал ба қишри кӯчаки хоинон (прототипи калламушҳои шаҳри Орани афсонавӣ) ҳамла карда, нахуст каме ташвишу нигаронӣ дар ҳаёти мо ворид карда меистанд, ки бисёре аз мо инро чандон хатарнок намеҳисобем. Каме баъд мебинем, ки чунин “хоинакон”-и мо аллакай даста-даста дар Сурияву Ироқу Афғонистон мурда истодаанд. Аллакай вабои экстремизму терроризм ба кору фаъолияти ҳаррӯзаи мо таъсири манфии худро расонида истодааст (мисоли равшан: муносибат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи Россия баъди ҳодисаи “Крокус-сити”). Ин вабо боис гаштааст, ки ҳатто мағзҳои гурӯҳе карахт гашта, ба муҳтавои меҳру муҳаббат ва дӯстии на танҳо байни халқҳои ҷаҳон, ҳатто ду нафари ба ҳам наздик халал ворид шавад. Ҳатто дирӯза кӯдаке, ки нав ба воя расида, чанд рӯз пеш аз оғуши падару модар баромад, баъди ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтоданаш (яъне сироят шудан ба вабо), дигар он падару модарро “кофар” мегӯяд ва ба сари ҳамсараш чодари сияҳрӯзӣ кашида, тифли бегуноҳи нав таваллудшудаашро Бадбахт (яъне Осия) ва ё Кар (Асмоъа) ва монанди инҳо ном мегузорад.

Кор то ҷое расида, ки ҳатто ҷанозаҳои моро ба маъракаи тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротии худ табдил доданианд. Махсусан, дар хонаи мусибатдор атрофи маит, ки аслан занон давродавр нишаста навҳа мекунанд, гурӯҳҳои ифротӣ занонеро бо либосҳои махсус омода кардаанд, ки (ҳарчанд бисёр ҳолатҳо ба маит ягон муносибати хешу табориву дилсӯзӣ надорад, аммо) рафта миёни занони мотамдор ба қавле “амри маъруф” мекунанду дар асл ҳамон вируси ҳалокатбори ваборо дар мағзи модарону хоҳарони мо ҷо карда, баромада мераванд. Яъне вирусҳои ҷонкоҳи ин вабо аз маросимҳои ба қавли мардум “маргу мурда”-и ҷомеаи мо низ суд бурдан мехоҳанд. Чунин вирусҳое, дар шакли “салафия”, ҳангоми гуру чуб ҳам ба қабристон мераванд, аммо намоишкорона дуову фотеҳа намехонанд ва дигаронро ҳам ба ин кор тарғиб месозанд. Аз нафасҳои пур аз вабои ин тоифа заҳрҳубобҳои зиёде ба атроф паҳн мегарданд ва шахсонеро, ки иммунитети миллиашон заиф аст, бемор карда ба “зомбӣ” табдил медиҳанд…

 Хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик аз ваксинатсия гузашта истодааст ва беҳтарин ваксина барои мо ин суханони арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар мулоқотҳои пайдарпайашон бо аҳли ҷомеа ироа карда, дар асарҳои безаволи худ навишта истодаанд ва дар дилхоҳ фурсатҳои муносиб таъкидҳо мекунанд.

Дар мавқеи ҳимоя будан бас аст!

 Мо аҳли зиё (интелегенсия) зиёд дорем, аммо чи гуна зиёӣ? Зиёие, ки масъунияти миллииаш дар тули ҳазор соли охир хеле заиф шудааст. Хислате, ки як зиёиро аз бақияи ҷомеа фарқ мекунонад, ин мавқеи устувор ва ҷуръати ӯ ҳангоми ҳимояи манфиатҳои миллист! Мо чанд нафар чунин зиёӣ дорем, ки зимни ҳимояи манфиатҳои миллӣ намекалаванд?..

Танҳо дар ду моҳи охир дар ду ҳолат шахсан бо чунин зиёиёне дар ду ҳамоиш вохӯрдам — яке сиёсатшиноси маъруф ва дигаре таърихшиноси барҷаста, ки аслан мавқеи миллии онҳоро хеле устувор мешуморем. Онҳо ба омма бо таҳриф кардани таърих миллати тоҷикро чунон заифу беирода нишон дода, “талқин” мекарданд, ки тоҷик дар тули таърих боре ба ҷое лашкар накашидаасту фақат ба ӯ ҳуҷум кардаанду сӯхтанду хӯрданду бурданду ин миллат мавқеи муҳофизатӣ гирифта ҳамеша хап нишаст. Гӯиё таърифу тавсиф карда истодаанд, ки ҳамавақт тоҷик суфимашраб буду дунёбезор. (Албатта инҷо нияти нохубе надоштанд ва онҳоро ба чизе гунаҳкор карданӣ нестем). Аммо дар асл ин тарзи баёну “тавсиф” миллати ҷасури моро (дониста ё надониста) як қавми беиродаву тарсӯ нишон додан аст. Ҳол он ки агар тоҷик беирода мебуду ҳеҷ гоҳ дар дарозои таърих ба ҷое ҳуҷум намекард, аз куҷо аввалин империяеро дар ҷаҳон месохт, ки мо насли имрӯза ба он ифтихор мекунем?! Агар ҳуҷум намекардем, пас чигуна мо аз Юнону Рим то Чину Мочину Ҳиндро таҳти тасарруфи сиёсиву фарҳангии худ даровардему ба ҷаҳониён се маротиба тамаддуни олии инсонӣ бахшидем?! Ё худ, магар Дори масеҳо (салибе, ки Исоро дар он овехта буданд) ба пойи худ ба хазинаи шоҳаншоҳии Форс дохил шуд?!

 Бале, мо ҳазор соли охир дар мавқеи муҳофизатӣ будем, аммо танҳо ҳазор сол. Пеш аз ин камобеш даҳ ҳазор соли дигар дар мавқеи бартариҷӯӣ будем (на ба маънои танҳо ҷанг, балки илму маърифату фарҳангу маданият) ва даҳ ҳазор сол дунёро идора мекардему барои мардуми ҷаҳон то ҳол дар баъзе ҷабҳаҳо намунаи ибрат ҳастем. Танҳо ба хотири ҳамин ҳазораи охир набояд таърихи даҳҳазорсолаи аждодони номдорамонро пушти по зад ва набояд фаромӯш кард, ки дар ҳамин ҳазор соли пурмушкил низ тоҷик Давлати миллӣ дошт (!!!), новобаста аз оне, ки намояндагони кадом қавму миллату сулола бо навбат вазифаи роҳбариро дар ин давлатдориҳо ба душ мегирифтанд (барои андеша ба таърихшиносону зиёиён).

Устод Саъдии Шерозӣ беҳуда нагуфта буд, ки:

Ду тан парвар, эй шоҳи кишваркушой,

Яке аҳли разму дигар аҳли рой.

Зи номоварон гӯи давлат баранд,

Ки донову шамшерзан парваранд.

Қаламзан нигаҳ дору шамшерзан,

Ки ҳаллоҷу дарзӣ, чи марду чи зан!

Агар ба шеваи имрӯза баён кунем, воқеан ҳам устувории пояҳои давлатдории миллиро ҳомиёни бонангу номуси Ватан – аз як тараф зиёиёни боҷуръату идеологҳои пурқудрат ва аз тарафи дигар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамаи шаклҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) таъмин менамоянд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар ҳарду ҷабҳа низ нерӯи кофӣ захира кардем (Пешвои муаззами миллат ҳам ба маорифу фарҳанг таваҷҷуҳи хоса намуданд ва ҳам дар шароити ниҳоят мушкил Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, рушд бахшиданд). Дар ин росто, мо пурра омодаем, дар ҳарду ҷабҳа алайҳи душманони миллат ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бедудилагӣ мубориза барем. На муборизаи муҳофизаткорона (масалан, интизор нашавем, ки кай як хоини миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизе нависад, ё гӯяд, баъдан мо ба қавли маъмул супориш гирему “вокуниш” нависем, ё дар эфираш дароему зиддаш гап занем), балки муборизаи бартариҷӯёна ва беамон бояд бурда шавад. Барои муборизаи бартариҷӯёна бурдан мо тамоми шароиту имкониятҳоро дорем, танҳо лозим аст ҳам воситаҳои моддиву молиявӣ, ҳам василаҳои техникии иттилоотӣ ва ҳам захираҳои зеҳниро мутамарказ намоем ва бошуурона истифода барем (пешниҳодҳо дар ин самт мавҷуданд). Набояд хати маши сиёсии мо аз ғавғои иттилоотӣ дар расонаҳои иғвоангези дохиливу хориҷӣ вобастагӣ пайдо намояд. Ё набояд худро муҳтоҷ созем, ки дар маркази муборизаҳои иттилоотии худ аз нерӯҳои зеҳнии нафарони шубҳанок ва муллоҳои ифротии замоне аз минбар дуршуда истифода барем. Чунин созишкорӣ бо рақибони усулан маънавии давлат (бигзор собиқ ҳам бошанд) дар дурнамо хатарнок хоҳад буд.

Идеология ин қудрати давлат аст!

Маҳз барои он, ки идеология ин қудрати давлат аст, рақибони идеологии мо, чи зиёимаоб бошанду чи руҳонимашраб (бигзор имрӯз ҷонибдори мо ҳам худро вонамуд кунанд, бигзор аз идеологҳои расмӣ боқувваттар ҳам бошанд, бигзор таъсири суханашон дар баробари гуруҳҳои ифротӣ бештар ҳам бошад), вале набояд гузорем, ки дигарбора минбар гиранд, дигарбора чеҳра равшан кунанд ва дубора лаҷоми андешаи ҷомеаро ба даст оранд. Ин тоифа имрӯз метавонанд бо мо бошанд, фардо бо душманони мо. Мо имконият дорем бештар зиёиёни ватандӯстро ҷалб созем (чи қадар докторҳои илму професссорҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Маркази исломшиносӣ, Шӯрои уламо ва монанди ин садҳо қувваҳо дорем), фаъол намоем ва аз ҳама ҷиҳат дилпур ва мусаллаҳ сохта ба майдони гарми муборизаҳои сиёсӣ сафарбар кунем. Агар ҷое ҳам кадоме аз онҳо кутоҳӣ карданд, боке нест, таҷриба меандӯзанд ва оянда ба қудрати воқеии маънавии мо меафзоянд. Ин қувваҳои созанда, ки аз мо ҳастанд, доимо бо мо хоҳанд монд.

Бори дигар таъкид мекунем, ки бузургтарин сарват, қудрат ва имконияти миллати тоҷик барои эҳёи пурраи асолату худшиносии миллӣ ва дар таърихи асри нав мустаҳкаму пешсаф гардонидани давлатдории навини тоҷикон ин нерӯи фавқулоддаи таконбахшу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки миллати тоҷик танҳо дар симои ин шахсияти таърихӣ баъди ҳазор сол фарри ориёӣ ва нури эзадиро дубора бо чашми сар дид, ихлос кард ва имрӯз ҳамаи мо дар партави ҳамин сиёсат ба сӯи ояндаи дурахшон устуворона қадам ниҳода истодем.

Ин нерӯи бузурги сиёсиву маънавӣ моро бо дили гарм, иродаи қавӣ ва андешаи созанда ба сӯи фатҳи қуллаҳои нав бурда истодааст!

Тоҷикистон ба пеш!

Ҳамидиён Орзу, муовини раиси шаҳри Кӯлоб.