Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз Паём ба Маҷлиси олии кишвар санаи 28 декабри соли 2023, иҷрои ҳидоятҳои ғамхоронаи Пешвои маҳбуби халқ зимни мулоқот бо фаъолон, аҳли ҷомеа ва ходимони дин санаи 9 марти соли 2024 корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” ва «Суҳбати сарироҳӣ» дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия гузаронида шуда, ҳамаруза чорабиниҳо идома доранд.

. Зимни гузаронидани чорабиниҳо- гардиши хонаводагӣ ва суҳбати саҳрироҳӣ рӯзи 7 июни соли 2024 дар Ҷамоати деҳоти Даштиҷум оид ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии диёр, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандустӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, риояи маданияти фарҳангӣ миллӣ, пешгирии пушидани либоси ба фарҳанги миллӣ хос набуда ва дигар масъалаҳо ёдрас карда шуданд.

 Аз ҷониби шаҳрвандон иброз гардид, ки ҳар як сухани ояндасози Пешвои миллат ба манфиати ҳар як оила мебошад ва ин ҳидоятҳои ғамхоронаву дурандешонаро дар пешбурди зиндагиамон ҳамчун роҳнамо қабул намуда, шукри истиқлолу озодии Ватан, шукри ваҳдати миллӣ ва шукри Пешвои маҳбубамон мекунем.