Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократию ҳуқуқбунёд бо такя ба эътиқоди сиёсии аксари сокинонаш рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Ин ҳама ободкориҳо тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро фаро гирифта, дар даврони соҳибистиқлолӣ аксари гӯшаю канори мамлакат баробар рушд менамоянд. Махсусан марказҳои маъмурии бештари ноҳияҳои кишвар ва ҳатто минтақаҳои дур ба фарқ аз замони Шӯравӣ намои зебою идона гирифта, бо қомат афрохтани биною иншооти таъиноти гуногун шаҳракҳои мудерну замонавиро ба хотир меоранд. Бо боварӣ метавон ҳадс зад, ки ҳамаи ин дастоварду ободкориҳо дар натиҷаи сиёсати амиқу дуруст ва дастгирии ҳамаҷонибаи сокинон аз сиёсати давлату Ҳукумат маншаъ гирифта, мардум низ дар баробари ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ барои пешрафту шукӯфоҳии мамлакат бо ба кор андохтани корхонаю коргоҳҳои хурду бузурги истеҳсолӣ дар пешрафту шукӯҳфоҳии мамлакат саҳм мегиранд.
Давлати Тоҷикистон дар сиёсати давлатӣ бо такя ба эҳтиром ва таблиғи фарҳанги миллӣ, урфу одат ва анъана, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, амал карда,бо назардошти демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона будани сохти давлатдорӣ ба ҳама халқу миллатҳо шароити баробари кору зиндагиро фароҳам овардааст.
Мутаассифона ин ҳама пешрафту ободкориҳо ба хости дили бархе аз афроди ноогоҳу ифротгаро, ки аз эътиқоди динии мардум истифода мекунанд, мақбул нест. Антиқтараш, ҳамеша барои сафедро сиёҳ кардану некро бад гуфтан пайти муносиб меҷӯянд ва ҳатто ҳамчун хиёнаткорони иҷборӣ, ки Ватан-миллат назди онҳо қадре надорад, бо доираҳои манфиатдори хориҷӣ ва афроде, ки ободии кишвари моро намехоҳанд, ҳамеша дар робита ва мақсади нооромсозии вазъро дар кишвар дар сар доранд. Ин тӯдаи хиёнатпеша аз ҳар амали сохторҳои давлатӣ, ки бевосита бобати пешгирии зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ дар кишвар миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ мебаранд, ҳамеша дар набарданд ва мекӯшанд, ки ҳама ҷаҳду талошҳои давлат дар масири инкишову пешрафти мамлакат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ нодида гирифта шавад.
Мусаллам аст, ки андешаи ифротии онҳо аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ба ҳайси таблиғоти дурӯғин пазируфта шуда, дар масири амалисозии ормонҳои сиёсӣ онҳо ҳеҷ вақт дастгирӣ намеёбанд. Ва чун ҳолати кор мақбули дили онҳо нест, кӯшиш мекунанд, ки бо такя ба кишварҳое, ки дар ҷаҳон лонаи терроризмӣ байналмилалӣ эътироф шудааст, ба таври мустақим ҳамкорӣ намоянд.
Дар ин росто, тайи чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ном мавъизаи гурӯҳҳои тунгарои толибманиш, ки онҳо асолати инсонии худро кайҳо бохтаанд, вобаста ба авзои сиёсӣ дар кишвари мо мечархад, ки ин ҳолат баёнгари оғози занҷираҳои нави терроризму экстремизм ва ҳамкории ошокорю пинҳонии гурӯҳҳои манфиатдори хиёнаткор ба хотири нооромсозии кишвари мо мебошад.
Бо ном мавлавӣ Абдулқадири Ҳомӣ ва мавлавӣ Фирӯз, ки то замони пойбарҷо будани низоми ҷумҳурият дар кишвари ҳамсояи Афғонистон аз ин низом пуштибонию ба қавле дар минбарҳои масҷид мавъиза мегӯфтанд, имрӯз таҳдид ба амнияти кишвари мо карда, аз равобити ошкорояшон бо гурӯҳҳои асолатбохтаи тоҷик садо баланд карданд. Ва ҳатто рӯи рост таблиғи ҷиҳодро яке аз василаи амалисозии ормонҳои хоинони миллат дар Тоҷикистон дониста, бо сиёҳ сохтани давлатдории мо ва иқдомҳои Ҳукумати мамлкат дар масири мубориза бо терроризму эксремизм мехоҳанд кишвари моро ҳамчун Афғонистон ба макони ҷангу ҷидол табдил диҳанд.
Ин ҷо дар зеҳн фикре мечархад, ки масири давлатдории таҳрики толибон имрӯз аз минбари масҷид сарчашма гирифта, ба ин васила бори дигар собит мегардад, ки ин гурӯҳи даҳшатафкани байналмилалӣ мақсаду ҳадафаш фаротар аз марзҳои имрӯзаашон аст.
Метавон ёдрас шуд, ки Тоҷикистон дигар кишвари солҳои навадуми асри пор нест ва барои таъмини амнияту суббот ва тамомияти арзии мамлакат тамоми шароитҳои зарурӣ барои ҷузъу томҳои ҳарбӣ дар мамлакат муҳайё ҳаст. Ҳамзамон тамоми хурду бузурги мамлакат дар рӯзҳои сангин дар сафи шермардони Ватан омода аз дифои кишвари худ ҳастанд. Ин таҷрибаро аллакай тайи чанд соли охир ҳангоми низои сарҳадӣ шоҳид будем ва намегузорем, ки қадами номубораки хоину таҷовузгаре ба хоки поки кишварамон ворид шавад.
Хандаовар ҳам аст, ки гурӯҳе то ҳол таҷрибаи давлатдорӣ надораду ҳазорҳо мушкилот сари мардумаш бор аст, имрӯз баҳсу даъвои баррасии масъалаҳои дигар кишварҳоро мекунад. Ба ҳар сурат, фикр мекунам миёни чунин таблиғгарони ғояҳои ифротӣ бо дастандаркорони таҳрики террористии толибон як равобиту занҷираи махсуси ҳамкорӣ барои нооромсозии кишвари мо мавҷуд аст. Ҳамчунин гурӯҳҳои даҳшатафкан аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳи мо, ки дар кишвари ҳамсоя мавҷуданд, ҳамчун гузинаи манфиатноку манқурт дар дилхоҳ ҳолат аз ҷониби таҳрики толибон айёрона истифода мешаванд.
Новобаста аз ҳамлаҳои иттилоотӣ, ки дар кишвари ҳамсоя муд шудааст, тоҷикбадбинӣ афкору андешаи рақами як дар сиёсати ба ном давлатдории таҳрики толибон маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, лозим аст, ки тамоми мардуми сарбаланди мамлакат дар атрофии сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат сарҷамъ бошем ва ҳамчун ангушти як мушт барои ободию озодӣ ва ҳифозати тамомияти арзии кишварамон дар давраи ҳассоси таърихӣ ҳамеша сарҷамъ бошем.
Ё чизи дигар ин ки мавлавию домуллоҳои толибгарои афғон аввал гиребони худро бӯй кунанд, ки чи хизмате барои мардумашон кардаанд. Фикр мекунам ба ғайр аз таблиғи ботилу яктарафаи динӣ, тавтеаю тавҳин ва ливотат дар ҷомеаи кишвари ҳамсоя ин нимчамуллоҳо ягон хизмати арзишманде барои манфиати мардум накардаанд.
Тоҷикистон Ватани маҳбуби мост ва ҳар яки мо барои оромию суббот ва пешрафту тараққиёти ин гӯшаи биҳиштосо масъулият дорем!

Назарзода Т.М-раиси КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Ш.Шоҳин.