АХБОР

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ

Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ғайра масъалаҳои мубрами рӯз бо фаъолияти гурӯҳҳои кории тарғиботӣ мавриди натиҷагирӣ қарор гирифт.

Баъди натиҷагирии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои оммафаҳмонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.