Дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон инчунин дар асоси нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин имрӯз бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ дар шоҳроҳи байналмилаллӣ корҳои поккориву тозакорӣ ба роҳ монда шуд.
Тибқи нақшачорабиниҳо оид ба сарсабзу хуррам гардонидани маркази ноҳия ва ҷамоатҳои он бо иштироки ташкилоту муассисаҳо дар маконҳои ҷамъиятӣ ва гузаргоҳҳо чунин ҳашарҳои дастаҷамъона ба роҳ монда шудаанд.