РАИСИ НОҲИЯ

Гулзода Зафар Шамсуддин

Гулзода Зафар Шамсуддин

Гулзода Зафар Шамсуддин 9-майи соли 1978 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таваллуд шудааст. Хатмкардаи муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мебошад.

Соли 2000-ум Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоди ҷаҳон хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2000-ум ба ҳайси мутахассиси дараҷаи якуми Раёсати савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз бахшида, то соли 2002 дар ин мансаб адои вазифа намудааст.

Солҳои 2002-2003 ба ҳайси менеҷери маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.

Соли 2003 мутахассиси шуъбаи саноат ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи сино таъйин гардида, то соли 2006 дар ин мансаб кору фаъолият намудааст.

Сипас солҳои 2006-2007 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи саноат ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 2007-2009 иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи саноат ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 2009-2010 иҷрокунандаи мутахассиси шуъбаи саноат ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 2010-2014 мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти корӣ намудааст.

Аз соли 2014- то соли 2020 муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва солҳои 2020-2021 ҳамчун директори Корхонаи воҳиди давлатии «Баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)-и мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Аз 4 майи соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таъйин гардидааст.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд.