Иқтисодиёт

ИҚТИСОДИЁТ

ИҚТИСОДИЁТ

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамчун ноҳияи куҳистону аграрӣ ва ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, бо андешидани як қатор тадбирҳои мушаххас дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад.

Дар тули Истиқлолият рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳин аз рӯи нақша ва барномаҳои тасдиқшуда таъмин гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳои ноњиявӣ ва љамоатҳои деҳоти ноҳия баҳри иҷрои супоришҳо ва вазифаҳои ба миён гузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода, нишондињандаҳои дурнамои пешбинишударо бо натиҷаҳои мусбат сари вақт ҷамъбаст менамоянд.

 Вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чун минтақаҳои дигари кишвар дар доираи татбиқи барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии Ҳукумати мамлакат дар ҳоли рушд буда, ҷиҳати татбиқи барномаҳо ва дурнамои рушди ноҳия, дастгирии бахши воқеии иқтисод, соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорию ба даст   овардани   нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳия 

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти иҷроияи ноҳия пайваста чораҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешавад

соли 2022 иҷрои нақшаи андоз (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар ноҳия ба андозаи 110,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет маблағи 20 миллиону 727 ҳазору 987 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша ба маблағи 1 миллиону 986 ҳазору 625 сомонӣ зиёд мебошад. 

Иҷроиши пардохтҳои иҷтимоии буҷетӣ дар ин давра маблағи 9 миллиону 315 ҳазору 595 сомонӣ баробар ба 96 фоизи нақша ва пардохтҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 2 миллиону 975 ҳазору 442 сомонӣ ё баробар ба 104 фоизи нақшаро ташкил дод.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра ба маблағи 60 миллиону 960 ҳазору 730 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 62 миллиону 413 ҳазору 886 сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 102 фоизи нақшаи аниқшуда мебошад.

Аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ (субвенсия) ба буҷети ноҳия 41 миллиону 933ҳазору 772 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ пурра маблағгузорӣ гардидааст.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо 57,9 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 31 миллиону 56 ҳазору 300 сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбати соли 2021 мутаносибан 114,7 ва 101,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ноҳия шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба 1 январи соли 2023 тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ 2752 нафарро ташкил дода, аз онҳо 235 нафар тибқи шаҳодатнома, 22 нафар бо патент ва 2495 хоҷагии деҳқонӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорони болозикр ба буҷети ноҳия 952 ҳазору 785 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки дар ҳаҷми умумии қисми даромади буҷети маҳаллӣ 5,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ: лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ», Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин» маблағи азхудшуда 15,0 миллион доллар, лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмӯи барои модару кӯдак» маблағи азхудшуда 379 ҳазор доллар ва лоиҳаи «фавқулодда бар зидди бемории COVID-19» маблағи азхудшуда 75 ҳазор доллар, амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшудаи ин лоиҳаҳо 15 миллиону 454 ҳазор долларро ташкил медиҳанд. 

Бо мақсади амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон дар ноҳия Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 28 декабри соли 2020, №69 тасдиқ гардида, 124 лоиҳаро ба маблағи умумии наздик ба 361,8 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Айни ҳол аз шумораи умумии лоиҳаҳо 21 лоиҳа аз ҷумла дар соҳаҳои саноат ва энергетика 2 лоиҳа, сохтмон 5 лоиҳа, соҳибкорӣ 4 лоиҳа, нақлиёт ва роҳдорӣ 1 лоиҳа, маориф 1 лоиҳа, тандурустӣ 4 лоиҳа ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 4 лоиҳа иҷро гардида, дар 30 лоиҳа корҳои сохтмонӣ идома доранд. Маблағи умумии азхудшуда 37 миллиону 772 ҳазор сомониро ташкил дода ба 17 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.